ВАҚТЕ КИ ДАР ТЕЛЕФОН ДИГАР НАВИШТАИ "МОДАР" НАМЕБАРОЯД... ​Оё ягон бор ба он дастҳои ларзоне, ки бо душворӣ тугмаҳои телефонро пахш мекунанд, то ба Шумо занг зананд, аҳамият додаед? Оё ба он чашмони хирашудае, ки соатҳо ба дар нигарон мемонанд, то сояи шуморо бинанд, нигоҳ кардаед? ​Мо чӣ қадар бераҳм шудем... Мо барои "лайк"-и бегонаҳо вақт дорем, барои суҳбатҳои беҳуда бо дӯстон соатҳоро сарф мекунем, аммо вақте Модарамон занг мезанад, бо асабоният мегӯем: "Оча, корам бисёр аст, баъдтар занг мезанам!" Ва гӯширо мепартоем. Мо намедонем, ки охирон зангаш бошад ё ки, шояд он лаҳза Модар танҳо мехост садои моро шунавад, то дилаш аз тапиш намонад. Шояд ӯ танҳо мехост бигӯяд, ки хӯроки дӯстдоштаатро пухтам, биё... ​Кош медонистед, ки Модар чӣ гуна пир мешавад. Ӯ на аз гузашти солҳо, балки аз интизориҳои мо, аз беэътиноии мо ва аз хомӯшии мо пир мешавад. Ҳар як ҷумлаи кутоҳи мо — "Хубам, майлаш, хайр" — мисли корде ба қалби ӯст, ки ташнаи як суҳбати гарм аст. ​Як лаҳзаи даҳшатнокро тасаввур кунед дустонам Шумо ба хона меоед. Кафшҳои модаратон дар пеши дари хонаатон ҳастанд, вале худашон нестанд. Дар ошхона чойник ҷӯшидаву сард шудааст. Шумо ба ҳуҷра медароед ва мебинед, ки Модар рӯи ҷойнамоз сар ба саҷда бурдаву дигар нафас намекашад. Дар дасташ телефон аст... ва охирин рақами гирифтааш — РАҚАМИ ШУМОСТ. Ӯ дар охирин лаҳзаи ҳаёташ ҳам мехост бо шумо хайрухуш кунад, вале шумо "банд" будед... ​Он вақт шумо ба зону мезанед. Шумо дастҳои хунукшудаашро мебӯсед, ки дигар гармие надоранд. Шумо фарёд мезанед: "Очаҷон, гап зан! Ман омадам! Маро бубахш!" Вале ҷавоб фақат як хомӯшии сангин аст. Дигар касе нест, ки барои шумо то саҳар дуо кунад. Дигар касе нест, ки балоҳоро бо ҷони худаш харидорӣ кунад. ​Шумо медонед, ки ятимӣ чист? Ятимӣ — ин вақте нест, ки шумо кӯдакед. Ятимӣ — вақтест, ки шумо дар ҳар синну сол бошед, касе нест, ки шуморо "бачаҷонам" гӯяд. Вақтест, ки дар иди Модар шумо ба ҷои хонаи Модар, ба сари қабри ӯ меравед ва ба хоки сард мегӯед: Идат муборак, Модар... Мағрури зиндагӣ нашавед. Ҳамин ҳоло, пеш аз он ки ин саҳифаро бандед, агар наздикатон бошад, давед ва пойҳояшро бибӯсед. Агар дур бошад, занг занед ва фақат як ҷумла гӯед: Очаҷон, ман шуморо хеле дӯст медорам. Маро барои ҳамааш бубахшед. ​Зеро пагоҳ... пагоҳ шояд хеле дер шавад. Ва ин "дер" тамоми умр мисли захме дар ҷони шумо хоҳад монд. ​Иди Модарон муборак, эй ягона фариштаҳои рӯи замин! Муовини директори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе Ҷамшедҷон Нурзода!
    5 комментариев
    11 классов
    ДИПЛОМАТ Қисми 181. Почаҳои Меҳрофаридро дар болои шикам гузошта, навозиш карда хобидам, то ки вай ҳам бештар хобад. Ҳама то нисфирӯз хобидем. Кай офтоб паси хона гузашту нурашро ба тирезаи назди бистари модаркалон зад, бехабар мондем. Аввалин шуда Клавдия Михайловна садо баровард. - Гову гӯсола танаффус надоранд, кӣ бедор, рафта хошок диҳад! - Ман хоб, - гуфт Рухшона. - Ман ҳам хоб, - гуфтам. - Фаридро фирист, - гуфт модаркалон хандида, - роҳ гаштанро омӯзад. Ночор бархостам, ки Рухшона маро сӯяш кашид. - Дилам боз ширинӣ меҷӯяд, - гуфт дар гӯшам. - Аллакай? Хеле хуб, ҳозир рафта торт меорам. Модаркалон бохабар? Шодиёна гирам? - Шодиёнаро ман шаб гирифта будам. - Ба мошин ҳам шодиёна рехтан лозим, ё бо трактор равам? - Умуман сӯзишворӣ надорад? - Чароғаки сурхаш гиро шуда буд. - То мағоза мерасӣ? - Намедонам. - Лекин чароғаки ман сабз, - гуфта маро сахт ба оғӯш гирифт. - Нозир бедор нашавад... Модаркалон аз ҳаррӯза дида имрӯз бардам метофт, наҳорӣ омода кард, ду маротиба ба кӯча рафта омад. Ӯ ҳам нияти сайругаштро дошт магар, ки то бархостанамон либоси навашро пӯшида нишаст. - Сафарҳо ба хайр! - гуфтам. - Имрӯз панҷ нафар шуда ба ошхона меравем, палав мехурем. - Бегоҳ ё ҳозир? - Худи ҳозир. - Пас барои чӣ наҳорӣ кунем? - Шикамам гурусна монд, дасту поям ба ларза омад. Маро шикам рост нигоҳ медорад. Хароҷот пурра аз ҳисоби модаркалон шуд: хӯроки ошхонаи Латофат, сӣ литр сӯзишворӣ, шириниҳо - ҳамаро Клавдия Михайловна пардохт. Ба деҳа баргаштем, ки мошини Вячеслав дар назди дарвоза меистад. Модари Рухшона моро бо абрӯвони гиреҳгаштааш пешвоз гирифт: - Оилаи мустақил ҳавлиро ба ҳоли худ гузошта дар куҷо мегардад? - пурсид ӯ. - Имрӯз истироҳат кардем, - гуфтам, - ба ноҳия рафтем. Зан даҳони халтаи дастамро каме кушода андарунашро нигарист. - Маош гирифтӣ? - Аз куҷо маош гирам? - Ман маош додам, - гуфт модаркалон, - боз чӣ савол дорӣ? - Нони хӯрданӣ надоштеду мошини номиро дар назди ошхона дидем. Аз ин мошин дар ноҳия якта. - Чӣ гуфтан мехоҳӣ? - идома дод модаркалон, - пулам бисёр, ба ҷавонҳо мебахшам. - Барои дафн ҷамъ меовардӣ-ку? - Нияти мурданро надорам. Вячеслав аз тарафи оғил омаду Рухшона аз тарафи кӯча ва Меҳрофаридро аз бағалам гирифт. - Дар хона шаб кадомат будӣ? - боз пурсид модараш. - Ман. Шуморо ҷуста рафтам. Телефони ҳарду дастнорас буд. - Моро дар ҷевон ҷустӣ? Ба Вячеслав нигаристам, ӯ низ суоломез ба ман менигарист, яъне ҷавоби суоли ҳамсарашро интизор буд. - Ман ҷевон наҷустам, - гуфтам, - ҳатто дар куҷо будани ҷевонатонро намедонам. - Чӣ тавр ба хона ворид шудӣ? - Ман калидамро додам, - гуфт Рухшона, - ягон чӣ гум шуд? - Марҳамат, худат гап зан, - ба Вячеслав рӯ овард модараш, - инҳо оила не, дастаи муташаккили роҳзанҳо ҳастанд. - Кай рафтӣ ба хона? - пурсид Вячеслав. - Соатҳои тақрибан ёздаҳ ман фиристодам, - гуфт модаркалон. - Кай баргашт? - Намедонам, хоб будам. - Кай баргашт? - суолашро ба Рухшона такрор кард Вячеслав. - Ягон-чӣ гум шуд? Телефони ҳардуятон дастнорас буд, хавотир шудем. - Чаро дигар рӯзҳо хавотир намешудиву маҳз дина хавотир шудӣ? Субх бо кадом мақсад ба модарат занг задӣ? - Валера омада буд, бо мошини боркашу харидоронаш, мо бо ҳамин мақсад шуморо ҷустем. - Шунидам, Валера аблаҳ, шумо-чӣ? Аз ӯ чӣ бартарӣ доред? - Мо ҳам аблаҳ, - гуфт модаркалон, - аз Валера ҳам монданӣ надорему аз халера ҳам. Гову гӯсолаатро гиру дигар дар остонаи ман қадаматро нагузор! - Шуморо ин ҷавон бо роҳи худ мебарад, - гуфт модараш, - ҳоло ҳам дер нашудааст. - Дер шуд, - гуфт Рухшона, - мо фарзанди дуюмро интизор. - Нагуфтам, - боз ба шавҳар рӯ овард зан, - Роксана то даҳ кӯдак назояд, Анвар ором намегирад. - Калиди хона канӣ? - пурсид Вячеслав аз Рухшона. Рухшона кӯдакро дар дастам доду ба хона даромад. - Аз ҷевон ягон чиз гум шуд? - пурсидам аз Вячеслав. - Чизе, ки ба ту лозим буд, гум шуд, - гуфт ва калидро аз дасти Рухшона гирифта дар ҷайбаш ниҳод, - дигар аз ман кӯмак умед накунед, дувоздаҳ сар чорво, ду трактор ва ҳафтоду ҳафт гектар заминро ба шумо бахшидам. - Ҳаёти духтарамро месӯзонад, - модараш гирён аз дарвоза баромад, Вячеслав бошад ким-чӣ гуфтан мехост, суханаш дар даҳон аз паси ҳамсараш шитофт. Маълум буд, ки ин ҳама сохтакорист. Димаву Валера аниқ аз ҷевон хабар надоштанд. Худи модараш то вайҳо масъалаи ҷевонро ҳаллу фасл кардааст. Агар гӯям, ки "Димаву Валера шаб бо нияти нопок дар хона ҳузур доштанд", аздусар бовар намекунанд ва сониян эҳтимол мерафт миёни Димаву Оксана низоъ бархезад ва оилаашон вайрон гардад. Аммо чӣ шуд, ки якбора зану шавҳар ба муросо омаданд? Падарам мегуфт "баҳси зану шӯ то хушкидани дока", аммо чаро амали Валераро муҳокима накарданд? Пас Валера бо дигар рақам маълумотро ба модари Рухшона расонидааст. - Ба хона даро, чӣ рост истодаӣ? - гуфт модаркалон, - хушҳолиам аз бинӣ баромад. - Ман дар ҳақиқат намедонам, ки ҷевон дар куҷост ва чӣ дорад, - гуфтам. - Чор соат дар хона чӣ кор кардӣ? - Чӣ хел чор соат? Соати бисту севу чилу панҷ ба хона расидам, аз ҳамсоя писаратонро пурсидам... Агар нияти дуздӣ медоштам, магар ҳамсояро даъват мекардам? Ё шумо ҳам ба ман бовар надоред? - Аз Худо дигар ба касе бовар надорам, ҳатто ба худам... Чаро нагуфтӣ, ки пулисро даъват кунанд? Пулис аз рӯи нақши даст дуздро меёбад. - Дузд бегона нест ва пешакӣ омодагиашро дидааст. Рухшона Меҳрофаридро дар дасти модаркалон дод ва аз дасти ман гирифт. - Рафтем. - Ба куҷо? - Ба пулис занг мезанем. Ҳамроҳ то назди соҳил рафтем. - Занг занам? - пурсид Рухшона таҳдидомез. - Занг зан, - гуфтам. - Аввал падарамро огоҳ мекунам, - гуфт ва рақами падарашро чид. - Дар хона ҳастӣ? Дар хона бош, ба пулис занг мезанам, дуздро дастгир кунад! ... Бигзор ҳабс кунанд, худаш ҳам розӣ, дар наздам истодааст омода шуда... Ҳозир наздат мефиристам,- гуфту телефонро хомӯш кард. Дарҳол занг заданд. - Падарам, - гуфт Рухшона, - пайваст кунам? - Гӯ, ки худам ба пулис меравам ва ариза менависам. - Чӣ мегӯӣ? - телефонро ба гӯш бурда пурсид Рухшона, - фиристодам, ариза менависад, баёнот менависад, худаш медонад... Накун ҳимоя, гуноҳ дошта бошад, ҷазояшро гирад... Ту ҳам ба ҷонам расидӣ! Фарзанди дуюмро шунида ҳардуят баръакс ғамгин шудӣ!... Бегуноҳ бошад, ба Тоҷикистон меравем, гурусна бошем ҳам асабҳоямон аз шумо ором мегирад, - Рухшона телефонро хомӯш кард, - рав, хоҳ-нохоҳ дар роҳ вомехӯред. Дар пӯстинаш кайк даромад. Мошинро савор шуда ба роҳ баромадам. Дар баромадгоҳи деҳа ҳарду дучор омадем. Мошинро дар канор гирифта ба ӯ гӯё роҳ додам. Ӯ бошад омаду дар рӯ ба рӯям қарор гирифт. Дар мошин нишаста ким-чиҳо гуфт, нафаҳмидам. Қафонокӣ то назди ҳавлие рафта пас гаштанӣ будам, ки омаду роҳамро гирифт. Аз мошин нафаромада нишастам, худаш омада дар канорам ҷо гирифт. - Ман фурсати бо шумо баҳс карданро надорам, - гуфт, - бало ба паси ҳамон сандуқча. - Кадом сандуқча? Ҷевон буд-ку?! - Сандуқча дар дохили ҷевон буд, сандуқчаи ҷавоҳирот. Худам ҳам намедонам чӣ дошт дар дохилаш, занҳо медонанд... Ман бояд муддате бо ҳамсарам муросо кунам, модарам дуруст гуфтааст, зан дар тараддуди аз ман ҷудошавист. Пагоҳ тамоми дороиямро аз худ карданаш мумкин. Алҳол сафедро сиёҳ баҳо диҳад, ман ҷониблори ӯ.. Медонам ки ту нагирифтаӣ... Аз фарзанди дуюматон бағоят хурсанд ҳастам ва ана ин шодиёнааш, - гуфта як баста пулро дар нишастгоҳи қафо ҳаво дод, - Роксанаву модарамро фаҳмон, аз ман наранҷанд. - Пас куҷо шуд сандуқча? - Донистан ҳам намехоҳам, - Вячеслав рафта дар мошинаш нишаст ва роҳашро идома дод. Пули падарашро бурда дар дасти Рухшона додам: - Шодиёна аз номи падарат, лекин ба касе, ба истиснои модаркалон, дар ин бора ҳарф назан. - Лозим не, чаро гирифтӣ? - Дар нишастгоҳи қафо партофту рафт. - Дар худат нигаҳ дор, пагоҳ миннат мекунанд, - гуфту дар ҷайби костюми дар мех овезонбуда ниҳод. - Гап байни худамон, модарат нисфи дороии падаратро соҳиб шуданӣ, метарсад, ки Вячеслав Александрович ҳамаашро сарфи мо мекунад. Раванди ҷудошавиро тезонданист. - Баҳсу моҷаро дар оила аз аввал доштем, эътибор надеҳ. Субҳи рӯзи дигар барвақт наҳорӣ кардем, модаркалон бароям хӯроки нисфирӯзиамро омода кард. Тарбузчаҳо об металабиданд, дарҳол аз беобӣ гулашон пажмурда шуда меафтид. Агар шароити Тоҷикистон мешуду об дар ҷӯйбор медоштем, дар ин шабу рӯзҳо тарбуз бояд ранг мегирифт. Аммо аз ман ҳанӯз хурдакак - баробари тухми мурғ буд. Имсол ҳам ҳосили тарбуз ба даст наорам, дигар аз баҳри тарбузкорӣ мебароям. Дар бехи ҳар тарбуз об рехтан маро монда мекард ва дигар корҳоям дар канор мемонд. Нисфирӯз нашуда телефонам занг зад. - Таъҷилан ба хона биё, - гуфт Рухшона. - Чӣ ҳодиса шуд? - Биё, баъд мефаҳмӣ. Модаркалон бардам метофт, чӣ ҳодиса шуда бошад? Дарҳол тракторро ба кор андохта ба деҳа шитофтам. Дар назди дарвозаи ҳавлӣ мошини модари Рухшона меистод. "Ин зан бегап намеояд" - гуфтам дар дил. Чун ҳамешагӣ абрӯвонаш гиреҳ дар назди дарвоза маро мунтазир буд. - Дар хона киро меҳмондорӣ кардӣ? - пурсид ӯ. - Ҳеҷ касро... Худам танҳо будам. - Ин ҷо биё, - гуфта маро аз пасаш назди мошинаш даъват намуд ва як синабанди сурхи калонеро гирифта ба рӯям ҳавола кард, - андозаи духтаронам ё андозаи ман? Синабандро гирифта дар ҳавлии бесоҳиб ҳаво додам, ки дар шохи дарахт овезон монд. - Дуздиат кам буд? - Ман касеро даъват накардам, чаро тӯҳмат мезанед? Монда нашудед аз бекорӣ? - Чанд пул барои хизматаш додӣ? - Барои кадом хизматаш? - Бепул хизмат расонд? Ё пули фоҳишаро ҳам модаркалон пардохт? - Ман ка-се-ро даъ-ват на-кар-дам! Русиро мефаҳмед? Зан ҳарфе назаду ба хона даромад ва бо Рухшона берун шуд. Чашмони Рухшона аз гиря сурх гашта буданд. - Ба вай хурӯс барин даҳ мурғ лозим, - гуфт маро бо сар ишора карда, - чӣ кор кунем? Исқот мекунӣ ё бо палид зиндагиатро идома медиҳӣ? - Исқот намекунад, - гуфтам, - ғазаби Худо меояд. - Чаро туро бо фоҳиша дида ғазабаш наомад? Хона чаро дар сарат фурӯ нарехт ё шароб дар гулӯят монда намурдӣ? - Ман шароб наменӯшам. - Ин чӣ? - гуфта аз кисаи нимтанааш сарпӯши шишаи шаробро гирифт, - фоҳишаро нӯшондӣ? - Аз партов далели шайъӣ ҷамъ кардед? - Ба конститутсия қасам, ки аз зери мизи ошхона баромад. Нақши хун дар фарши ванна аз куҷо? - Хуни ман, тасодуфан бо корд буридам, - гуфта захми дастамро нишон додам. - Хӯрок пухтӣ? Ё фоҳиша сахт пучид? - Ту рав, мо маслиҳат мекунем, - гуфт Рухшона. - Ояндаатро фикр кун, - гуфт модараш, - хобу хаёл барин инҳо пайдо мешаванду ғайб мезананд, пагоҳ бо ду кӯдакат дар кӯча ҳайрону саргардон мемонӣ. Шаҳрвандиро соҳиб шавад, сояашро намебинӣ, ман туро огоҳ кардам. (давом дорад)
    1 комментарий
    3 класса
    Гулчехра Хомидова Модар #ибрат Арӯсаки нав аз болои дастурхоне, ки хушдоманаш нишаста буд, бо афту башараи гирифта ва норозигӣ бархоста рафт. Ин рафтори ӯ ба назари шавҳараш аҷиб намуд. — Чаро аз сари дастурхон хестед, хонум? Оё чизе ба шумо маъқул нашуд? — пурсид шавҳар. Зан гуфт: — Дастони модаратон ифлос будааст. Иштиҳоям баста шуда, дилам беҳузур шуд! — Магар сабаб ҳамин буд? Хуб, азизам, чӣ бояд кард? Бигӯ! — Модаратон танҳо хӯрок хӯранд! Бо мо дар як дастурхон нанишинанд! Баъд аз ин дигар намехоҳам ӯро бо мо якҷо бубинам! — Майлаш, хуб мешавад. Аз ҳамин имрӯз сар карда, модарам алоҳида мешинанд. Лекин ман ҳис карда истодаам, ки шумо на танҳо аз якҷоя хӯрок хӯрдан, балки аз якҷоя зиндагӣ кардан бо модарам ҳам тангӣ мекашед. Агар ба ихтиёри шумо бошад, модарам бо мо зиндагӣ накунанд, ҳа? — Рости гап ҳамин аст! Ман дар хонаи худам аз сабаби онҳо ором зиндагӣ карда наметавонам! Ман ба озодӣ одат кардаам! — Хабар доред, ман ягона фарзанди модарам ҳастам. Он кас пир шудаанд. Чӣ кор кунам? — Масъала ҳал аст, бояд ба хонаи пиронсолон баред. Вақт-вақт рафта хабар мегиред. Агар ин тавр накунед, ман ба хонаи падарам меравам ва дигар назди шумо бар намегардам! — Хуб шудааст, азизам! Барои ман бахти шумо муҳим аст. Модарамро ба хонаи пиронсолон мебарам! — гуфта шавҳар ба занаш табассум кард. — Ҳа, дар омади гап, дирӯз падаратон ба ман занг зада, ба хонаашон таклиф карда буданд, ҳа? — Ҳа, чунки ман худам илтимос карда будам! — Сабаби таклифашон чист, азизам? — Фардо вақте рафтем, мефаҳмед! Акнун ман рафта каме истироҳат кунам, — гуфт зан. — Худованд ба шумо офият диҳад! — гуфт шавҳар. Сипас ба ҳуҷраи модараш даромад. Модараш пурсид: — Бачаҷонам, ба келин чӣ шуд? Чаро хӯрок нахӯрд? Магар бемор аст? — Ҳа, модарҷон, каме мазааш нест. — Эҳ, пас чаро назди ман нишастаӣ? Рав, духтур ҷеғ зан! Доруву дармон бихар! Агар ӯ бемор бошаду гурусна хоб кунад, дар назди Аллоҳ ҷавоб медиҳӣ! Ту масъули ӯ ҳастӣ! — Не, модарҷон, он қадар ҷиддӣ нест. Каме истироҳат кунад, ба худ меояд. Хавотир нашавед! — Худованд шумоёнро сиҳату саломат нигоҳ дорад, бачам! — Омин! Модар, фардо шуморо ба як ҷой мебарам. Баъд аз ин ҳама чиз тағйир меёбад. — Ба куҷо, бачаҷонам? — Фардо мефаҳмед! Шумо фақат он вақт аз кори ман хафа нашавед, маро ҷанг накунед! — Писарам, ман бовар дорам, ки ту ҳар корро бо ҳикмат анҷом медиҳӣ! — Худо шуморо нигаҳбон бошад, модарҷон! Фардои он рӯз ҳамагӣ ба хонаи падари зан рафтанд. Домод дасти модарашро гирифта, аз мошин фаровард. Зан оҳиста ба гӯши шавҳараш пичиррос зад: — Модаратонро барои чӣ овардед? — Хотирҷамъ бошед! Аз ин ҷо баромада, баъд мебарам! — гуфт шавҳар. Падару модари келин онҳоро пешвоз гирифтанд. Баъд аз хондани намози пешин хостанд таом хӯранд. Падари келин барои танҳо гап задан домодашро ба ҳуҷраи дигар таклиф кард: — Бо шумо дар бораи як масъалаи муҳим гап дорам. Духтарам ягона фарзанди ман аст! Бахти ӯ барои ман аз ҳама чиз болост! Ӯ ба ман занг зада гуфт, ки бо модаратон ягон ҷо зиндагӣ кардан намехоҳад. Бояд зудтар роҳи ҳалашро ёбед. Намехоҳам духтари эркаам зиқ шавад! Вагарна духтарам ба хонаатон бар намегардад! — гуфт ӯ. — Ҳоло, он масъалаи "муҳим" модари ман будаанд-да? Ҳа, мо бо духтаратон роҳи ҳалашро ёфтем! Аз ин ҷо баромада, модарамро ба хонаи пиронсолон мебарам! — Раҳмат, ки дуруст фаҳмидед! Пас, масъала ҳал шуд! — гуфт хусур. Ба дастурхон таомҳо кашида шуд. Ҳамаи аъзои оилаи зан омада нишастанд. Лекин модари домод дар он ҷо набуд. — Модарам канӣ? — пурсид домод. — Ҳа, он кас дар ҳуҷраи дигар алоҳида хӯрок мехӯранд. — Инро ту ба модарам гуфти, азизам? — Ҳа. Домод андаке ба аҳли оилаи занаш нигоҳ карду пеш аз он ки онҳо ба таом даст дароз кунанд, гуфт: — Росташро гӯям, ман аз хӯрок хӯрдан бо шумо ҳазар мекунам! Чунки дастони ҳамаи шумо ношуста ва ифлос аст! Дар ҷое, ки шумо ҳастед, нафас кашида наметавонам! Дилам танг мешавад! Ҳама дар ҳайрат монданд. Зан бо ғазаб аз ҷояш хеста гуфт: — Ин чӣ гап аст? Чӣ мегӯед? — Дили ту сӯхт? Дирӯз, вақте дар бораи модари ман ҳамин гапро гуфтӣ, дили ман ҳам сӯхта буд! — Сипас ба хусураш нигоҳ карда гуфт: — Шумо-чӣ? Як марди калон! Магар аз Худо шарм накардед, ки гуфтед "аз модарат халос шав, ӯро пеш кун"? Рӯзе мерасад, ки шумо ҳам пиру нотавон мешавед, агар фарзандонатон шуморо ба кӯча партоянд, чӣ кор мекардед? — Худованд ба шумо инсоф диҳад! — гуфт ӯ. Сипас ба ҳуҷрае, ки модараш нишаста буд, даромада, ӯро бо худ гирифта баромада рафт.. ☝️Ҳеҷ гоҳ ба хотири хушнудии муваққатии дигарон, баракати хонадон ва калиди ҷаннати худро аз даст надиҳед. Зиндагӣ мисли акси садо аст. Он чизе ки имрӯз нисбати пиронсолон раво мебинем, фардо фарзандони мо нисбати худи мо раво хоҳанд дид. Падари келин, ки ба ҷои насиҳат, оташи низоъро фурӯзон кард, фаромӯш сохт, ки худи ӯ низ рӯзе ба эҳтиёҷмандиву пирӣ мерасад. Бо пирон он гуна рафтор кун, ки мехоҳӣ фарзандонат дар пирӣ бо ту рафтор кунанд. Мард — Сутуни адолат дар оила Қаҳрамони ҳикоя намунаи марди оқилу боирода аст. Ӯ на бо ҷангу ҷанҷол, балки бо амал ва нишон додани "оинаи рафтор" ба ҳамсараш ва хонаводаи ӯ дарси адаб дод. Ӯ нишон дод, ки ишқи ҳамсар набояд боиси поймол шудани ҳаққи модар гардад. Муҳаббат ба ҳамсар набояд чашми адолатро кӯр кунад. Марди ҳақиқӣ касест, ки байни ҳаққи модар ва ҳаққи ҳамсар мувозинатро нигоҳ медорад. Зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст. Модарон фариштаҳои заминиянд, ки танҳо як бор дода мешаванд. Касе, ки дуои модарро дорад, дар дунё ва охират хор намешавад...
    4 комментария
    23 класса
    Муродии Хатлонӣ Зодруз муборак бошад Муродии Хатлони,додари азиз, зодрӯз муборак! 🎂✨ ​Ба Шумо ҷаҳони шодӣ, тандурустии комил ва парвозҳои нави эҷодиро хоҳонам. Бигзор ҳар як сатри навиштаатон роҳнамое барои насли ҷавон ва боиси ифтихори миллат бошад. Сарбаланд бошед!
    3 комментария
    7 классов
    Гулчехра Хомидова ГУЛДАСТА Фурӯшанда, ки машғули ҷудо кардани гулҳои суп-сурх буд, аз дидани миҷози паҳлавонҷуссаи вориди дӯконшуда шод гашт ва бо тавозӯъ даст пеш овард. — Эҳ, биёед, додарам! Қадамҳоятон муборак. Мисли дафъаи гузашта бароятон печонида диҳам? Медонистам, ки боз меоед. Миҷоз табассумкунон аҳволпурсӣ кард, вале чашмонаш дар болои рафҳои пур аз гулдастаҳои рангоранг буд. — Ба келинатон писанд омад, ако. Тӯҳфаи ман дар байни ҳама барҷаста ва нотакрор метобид. Худатон аз ҳама зӯрашро дода будаед-да. Барои фурӯшанда аз ин болотар эътирофе набуд; худи бозгашти муштарӣ аллакай ба завқу маҳорати ӯ баҳои муносиб маҳсуб меёфт. — Пас, боз ҳамон хел сара карда медиҳам. Ҳозир... Миҷоз ин дафъа ба садбаргҳои ҳолландии косагулашон калон-калон ҳатто нигоҳ ҳам накард, баръакс, ба яке аз гулдастаҳои тарафи дигар ишора намуд: — Ако, он гулҳо ҳам бад нест, ба фикрам. Ҳамон дар кунҷ истода — ба коғази сабз печонидашударо мегирам. Чанд пул диҳам? Ин ҷо биёред-чи. Фурӯшанда ҳайрон шуд, вале бо вуҷуди ин, на он гулдастаи ба коғази арзонтарин печонидашудаву баргҳои пажмурдааш қайчишударо, балки панҷ дона аз садбаргҳои ҳолландии чашмраборо бароварда, ба таъриф шурӯъ кард: — Инҳо ба ҳар ҳол дигаранд. Гул гӯӣ, ҳаминҳоянд! Ниҳолаш аз Аврупо оварда мешавад. Шумо хиҷолат накашида ҳаминҳоро гиред. Гуфтед-ку, ба келин писанд омад! Агар пулатон камӣ кунад, дафъаи дигар меоред. Муштарӣ ба гапҳои ӯ гӯш надод. Талаб кард, ки ҳамон гулдастаи интихобкардаашро диҳад ва ҳамёнашро берун овард. — Ако, пулам мерасад. Имрӯз ҳаминро мегирам. Фақат ҳамон як-дутои пажмурдаашро гирифта партоед, шуд. Фурӯшанда дигар чизе нагуфт, фармоишро иҷро кард ва пулро ҳисоб карда гирифт. Муштарӣ бо лабханди калон гулдастаро гирифта, сӯи дар равон шуд, ки телефонаш занг зад: — Ало, хоҳарҷон, хубӣ? Ҷиянҳоям хубанд? Зодрӯзат муборак! Ҳозир рост ба хонаи ту меравам... Фурӯшанда суханони ба гӯшаш расидаро дар зеҳн таҳлил кард. Ӯ ба садбаргҳои зебои худ ғамгин-ғамгин нигоҳ карду ба ёди хоҳараш, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ вафот карда буд, зор-зор гирист... ....Хоҳар мавҷуди мазлум аст. Ӯ ҳатто вақте ки ба хонаи бегона келин шуда меравад, қалбаш ҳамеша дар хонаи падар ва назди бародаронаш мемонад. Чашми хоҳар ҳамеша ба роҳ аст, ки кай бародараш дари ӯро боз мекунад. Худованди Мутаол дар Қуръон борҳо ба нигоҳ доштани робита бо хешовандон (силаи раҳм) таъкид кардааст. Дар сураи "Нисо", ояти 1 омадааст: ☝️"...ва аз (қатъи) пайванди хешовандӣ бипарҳезед. Ҳамоно Худованд ҳамеша бар шумо нигаҳбон аст." Баробаре, ки аз ҳоли хоҳараш хабар мегирад, дар амон ва ҳифзи Худованд мебошад. Моҳи Рамазон моҳи эҳсону бахшиш аст. Дар ин моҳ хабар гирифтан аз хоҳар, бурдани як ифторӣ ва ё танҳо як калими ширин барои хоҳар аз тамоми ганҷҳои дунё боарзиштар аст. Вақте бародар ба хонаи хоҳар қадам мегузорад, хоҳар худро пуштибондор ва сарбаланд ҳис мекунад. ☝️ Дуои хоҳар дар ҳама лаҳзаҳо мустаҷоб аст ва он дуо метавонад роҳи зиндагии бародарро мунаввар созад. Бародар бояд соябони хоҳар бошад. Хоҳар мисли гул аст, ки агар бародар бо меҳру хабаргирии худ ба он "об" надиҳад, зуд пажмурда мешавад. Ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки хоҳар дар танҳоӣ ашк резад...
    3 комментария
    16 классов
    Гулчехра Хомидова ОҚ КАРДАМ! ТУ ДИГАР ФАРЗАНДИ МАН НЕСТӢ... Дар як хонадон тифле ба дунё омад. Писар! Ҳам фарзанди аввал буд ва ҳам набераи нахустин. Ӯ дар оғӯши меҳру муҳаббати ҳама, бе каму костӣ ба воя расид. Мактабро бо баҳоҳои аъло хатм карда, шомили донишгоҳ шуд. Баъди гирифтани диплом ба хидмати Ватан рафт. Дар аввал номаҳо менавишту хабар мегирифт, аммо баъдтар робита канда шуд. Падару модар интизори хушхабар ва ташнаи дидори писарашон буданд. Ду сол сипарӣ шуд. Рӯзе писар ногаҳон дар остонаи дар пайдо шуд... Бо наздикон хеле сард салому алик кард. Дар чашмонаш на меҳр монда буд ва на ҳамон шавқи пешина. Нисбат ба ҳама бепарво буд. Модар инро пай бурд ва ҳарчанд кӯшиш кард, натавонист аз забони писараш гапи дурусте бигирад. Пас аз чанд рӯз, писар ҷомадонашро ба даст гирифту гуфт, ки меравад. Ӯ иқрор шуд, ки як духтари русро дӯст доштаасту бо ӯ зиндагӣ хоҳад кард. Модар тамом шуд... Ӯ чӣ қадар орзуву ҳавасҳо дошт, мехост келинҳои хуб фарорад, тӯйҳо кунад. Писар бошад, гӯё аз осмон афтида бошад, бо як бераҳмӣ ин суханонро мегуфт. — Не, писарам, ҳеҷ куҷо намерави! Аз роҳат гард. Дар авлоди мо ҳеҷ кас бо рус издивоҷ накардааст, моро дар назди хешу табор шарманда накун, — зорӣ мекард модар. Оқибат писарро аз роҳаш гардонданд. Аммо модари бечора хаёл ҳам намекард, ки дар пеш чӣ гуна рӯзҳои сиёҳ интизоранд... Мувофиқи гуфтаи калонсолон, ӯро ба як хеши наздик хонадор карданд. Бадбахтона, келин ҳам зани соз набаромад; хеле ҷанҷолӣ буд. Ин ҳолат ба ҷавон зарбаи навбатӣ шуд. Дар хона оромӣ набуд, зану шавҳар мисли сагу гурба буданд. Ҷавон ҳарчанд кӯшиши ҷудо шудан кард, модар иҷозат надод. Яке паси дигар соҳиби чор фарзанд шуданд, аммо дар рафтори келин дигаргуние нашуд — ҳамон миннат ва ҳамон ҷанҷол. Ҷавон аз алам ба нӯшокии спиртӣ рӯ овард ва занашро зери латукӯб мегирифт. Ҳар рӯз ҳамин аҳвол: мастӣ ва ҷанҷол. Оқибат зан фарзандонашро гирифта, ба хонаи падараш рафт. Шабе ҷавон дар ҳолати мастии шадид омада, падару модарашро дар бадбахтии худ гунаҳкор кард. Намедонист аз даҳонаш чӣ мебарояд, ҳамсояҳо ҳам барои тамошо ҷамъ шуданд. Чашмони ҷавон аз ғазаб месухтанд. — Писарам, бас кун! Магар ҳамин қадар шармандагӣ басат нест?!! — гуфт падар, аммо ҳанӯз гапашро тамом накарда, писар ба сӯйи ӯ давида, ба задан шурӯъ кард. Падар чунин рафторро интизор набуд. Нафраташ нисбат ба писаре, ки обрӯяшро дар назди ҳамсояҳо рехт, боло гирифт ва аз хашм худро гум карда, фарёд зад: — ОҚ КАРДАМ! ТУРО ОҚ КАРДАМ! ТУ ДИГАР ФАРЗАНДИ МАН НЕСТӢ! Сухани гуфташуда — тири аз камон ҷаста. Аз ҳамон рӯз зиндагии ҷавон комилан тира шуд. Аз кор ронда шуд ва худро комилан ба майхорагӣ бахшид. Дӯстон аз ӯ рӯ гардонданд, ӯ ба як "мурдаи зинда" табдил ёфт. Занаш ҳам барнагашт; ду фарзанди хурдиро гирифта, ба шаҳрванди давлати дигар ба шавҳар баромада рафт. Ду фарзанди калонӣ бо гузашти вақт дар хонаи тағоҳояшон нағунҷиданд ва онҳоро ронданд. Онҳо маҷбур шуданд бо бобояшон зиндагӣ кунанд. Писар ҳатто бо дидани фарзандонаш ҳам дигар нашуд. Рӯзе субҳи барвақт падар барои намоз бархест ва дид, ки дар пушти хона, дар лаби ҷӯйбори калон мардуми зиёде ҷамъ шудаанд. Кормандони милитсия ҳам он ҷо буданд. Падар ҳайрон шуда, издиҳомро канор зад ва чиро дид?.. Писараш дар дохили ҷӯйбор рӯболо афтида, ҷон дода буд. Ҳар як падар мехоҳад, ки фарзандаш давомдиҳандаи роҳи ӯ бошад, аммо тақдири шум ба ин падар чунин рӯзи сахтро раво дид. Писарашро дафн кард. Солҳо гузаштанд... Набера калон шуд, хонд ва соҳиби кор шуд. Ӯ бо меҳнати худ падарашро (бобояшро) ба ҳаҷ бурд ва "Ҳоҷибобо" кард. Аз деҳаи ҳамсоя духтареро ба занӣ гирифт, зеро дар деҳаи худашон ба ӯ духтар намедоданд, ки "писари ҳамон майхора аст". Аммо ӯ ба падараш монанд нашуд. Дар тӯйи ӯ ҳама табрику таҳният мегуфтанд. Вале домод дар чашмони хоҳараш, ки ҳамроҳаш баргашта буд, ашк дид. Ин ашки ҳам шодӣ ва ҳам пазмонӣ буд. Хоҳар модарашро ба ёд меовард, ки тӯйи бародараш бе модар мегузашт. Ин достони воқеӣ бо хушбахтии набера анҷом ёфт — ӯ хоҳарашро ба шавҳар дод, модарашро пайдо кард ва ду додари дигарашро низ ба наздаш овард. Дӯстон, ҳеҷ гоҳ дуои бад ва оқи падару модарро нагиред.... Инсон метавонад дубора соҳиби молу мулк, мансаб ва ҳатто оила шавад, аммо падару модар такрорнашавандаанд. Агар онҳо аз дунё гузашта бошанд, бо дуои хайр ва эҳсон ёдашон кунед. Агар дар ҳаёт бошанд, ҳар лаҳзаро ғанимат донед, то дуои неки онҳо тӯшаи роҳи охирататон ва сипари балоҳои дунёятон гардад. ☝️ Гар кунӣ хору зарилу нотавон модар-падар, Мешавӣ дар ҳар ду олам бенишон, модар-падар. Ҷаннату кавсар агар хоҳӣ, бирав хизмат бикун, То шавӣ маҳбуби ҳақ дар ин ҷаҳон, модар-падар...
    3 комментария
    23 класса
    ДИПЛОМАТ Қисми 179. Аз роҳбари ширкат шудани Валера, ки Донишкадаи хоҷагии қишлоқро хатм кардааст, маро на суд буду на зиён. Лекин намехостам, ки самараи меҳнати маро ба ӯву таҷрибаҳояш нисбат диҳанд. Ӯ мисли бороне, ки интизораш набудам, пайдо шуд. Марҳамат, ҳафтае як маротиба кӯмак кунад, зид нестам. Чӣ тавр дар мавзӯъи хоҷагӣ рисола нависаду дар саҳро танҳо сурат гирад? Обрӯ ба мо ҳам лозим, вале обрӯи маошдор бошад, боз хубтар мешуд. Даромади софи соли гузашта чилу ҳашт ҳазор, яъне моҳона - чор ҳазор. Валераи олим дар рисола чӣ нависад? Маош чил ҳазор? Изофанависӣ ҳеҷ гоҳ муваффақият буда наметавонад, вале чӣ тавр Вячеслав розӣ шуд, ки дар номи духтараш шашсад гектар замин бошад? Дар маҷалла замини панҷоҳусегектараро "наздик ба сад гектар" навиштаанд. Табиист, ки касе омада онро чен намекунад. Аммо пагоҳ аз рӯи сад гектар андоз талаб намекунанд? Вячеслав аз ҳуҷҷатҳо танҳо сертификати заминро барои бисту чор гектар нишон дод, ки соҳибмулк Рухшона буд. Рухшона соҳибкори инфиродӣ буд, чӣ тавр "ширкат" ном гирифт? Устави ширкатро бояд ба даст овард, то ба ҳама суолҳои бамиёномада рӯшанӣ андозем. - Компютерро хуб мефаҳмӣ? - пурсидам аз Рухшона. - Чӣ буд? - Хоҳ-нохоҳ нусхаи устави ширкат он ҷо ҳаст, омӯхтан мехоҳам. - Компютери падарам рамз дорад ва ҳар моҳ иваз мекунад. Ба вай ҳатто модарам дастрасӣ надорад. Бегоҳ Рухшонаву модаркалон бо мақсади гуфтугӯ бо Вячеслав назди соҳил рафтанд ва дарҳол пас гаштанд. - Пагоҳ маҷлис мешавад, - гуфт модаркалон, - моро ҳатто шунидан нахост. - Валера сарвар бошад чӣ зарар мебинем? - пурсидам аз модаркалон. - Валераро аз кӯдакиаш чашми дидан надорам. Сониян, инҳо фиребгар, ба ҳукумати вилоят роҳ ёфтан мехоҳанд. - Дар ҳукумати вилоят рисола намепурсанд, Валера рисола навишта онро ҳимоя мекунад ва олим мешавад. Лекин чаро маҳз ширкати моро муваққат ҳам ки бошад, соҳиб шуданист, намефаҳмам? - Дар ноҳия ягона ширкате, ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст, мо ҳастем. - Даҳ гектар заминро харида марҳамат, худаш кор кунад. - Даҳ гектар? Таҷрибаро дар як садяк гузарониданаш мумкин. Инҳо нияти нопок доранд, вазифаро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанд. - Сарвари ширкат будан вазифа нест, масъулият аст. Бояд баробари ҳама дар саҳро заҳмат кашад. Мо заминро ба осонӣ ҳосилхез накардем. - Мақсади инҳо тамоми дороиҳои писарамро ба воситаи ширкат аз худ карданӣ. Аммо маро писарам шунидан намехоҳад. Марҳамат, дар дигар вазифа гузорад, ки калидӣ набошад, масалан агроном... - Аммо намефаҳмам, ки чӣ тавр бе ризоияти Рухшона Валера сарвар шуда бошад? - Ман дар ин бора чизеро намефаҳмам, - гуфт Рухшона, - танҳо Меҳрофаридро медонаму шуморо. Бо ман ҳатто касе маслиҳат накардааст. Дар маҷлиси оилавӣ рӯзи дигар танҳо Вячеслав илова шуд. - Дигарҳо канӣ? - пурсид модаркалон. - Дигарҳо ба ҷамъомади мо дахл надоранд. Мо рафтори Анварро муҳокима мекунем. - Анвар чӣ кард? - Гӯё намедонеду ҳузур надоштед, - Вячеслав ба ман рӯ овард, - Чаро Валераро ба пору ҳаво додӣ? - Худи ҷабрдида канӣ? - Аз забони гумонбар шунидан мехоҳам. - Валера аз барзагов тарсида худаш афтид, - гуфт модаркалон, - ману Роксана шоҳид. Тамом? Мурофиа пӯшида? - Бовар надорам. - Албатта ба модари пират бовар надорӣ! Ман қистам? Пиразани хотирфаромӯшу ларзону ҳамеша бемор... - Дарҳол сар накун, медонам, ки Анвар худро ба даст гирифта наметавонад. - Валера гуфт, ки поруро бӯ кашам, - гуфтам, - баъд худашро ҳаво додам. - Ҳодиса ҳамин тавр буд, - гуфт Рухшона, - аммо Валера дар ҳаёти мо аз куҷо пайдо шуд? Чаро гулдаста овард ва ба ман лутф кард, ки зебо шудаам? - Чӣ бадӣ дорад? Дар ҳақиқат зебо шудаӣ, ман ҳам гуфта метавонам. - Худи ҳозир ваъда деҳ, ки дигар Валера сарвари ширкати мо намешавад ва нусхаи аслии уставро ба ман супор. - Боз чӣ кор кунам? - Барои кадом гуноҳам маро аз вазифа озод кардиву Ваоераро ба кадом хотир дар вазифа гузоштӣ? - Ба фикрам, то омадани ман ҷаласа доштед. Сармоягузор ман ҳастам ва ман метавонам ҳар лаҳза ширкатро барҳам диҳам. - Барҳам деҳ, - гуфт модаркалон, - чӣ дорӣ дар ширкат? Ду трактору дувоздаҳ сар чорво? Ихтиёри ҳамаашро ба Валера бахш, ман дигар назди чорво намеравам. Роксана ҳам намеравад, Анвар ҳам, аз пагоҳ парваришаш ба ӯҳдаи туву Валера. - Гуфтам-ку, Валера муваққат, то ҳимояи рисолааш. - Мо рисола надорем ва ҳимоя ҳам намекунем. Мо танҳо чил харгӯшу навад сар мурғ дорем. - Аз Валера чӣ зарар дидӣ? - Ба ту чӣ нафъ расид? - Модараш хоҳиш кард. - Модараш хоҳиш кунад, ки аз баҳри модарат баро, мебароӣ? Дар ширкат дигар вазифа набуд? Агроном ё лаборант? - Розӣ нашуд... - Кӣ розӣ нашуд? - Супориш аз ҳукумат гирифтам... - Рав, супориши ҳукуматро иҷро кун, ҳавлиро ҳам гир, ҳамааш аз ту... Ду гӯсола аз ман, мефурӯшаму инҳоро ҳамроҳам гирифта ба ягон шаҳри дур мебарам. Занг зада ҳатто саломатиамро напурс. Вячеслав хеле андешаманд сархам нишаст. Рухшона Меҳрофаридро бардошта ба ҳуҷра даромад. - Ман наметавонам супориши ҳукуматро рад карда, - гуфт ниҳоят Вячеслав, - ишора аз боло шудааст. - Боло кӣ? - Ҳамоне, ки ба шарофаташ дар ҳамаи мурофиаҳо ғолиб меоям. - Як маротиба модаратро гӯш андоз, ки чӣ мегӯяд. Инҳо сармояи чамъкардаатро муфт соҳиб шудан мехоҳанд. Коре мекунанд, ки луч мемонӣ. Супоришро иҷро кун, тамоми сармояатро ноаён дар номи Роксана тартиб деҳ. Ҳамсарат мор, пас аз муддате аз ту ҷудоӣ мехоҳад. Оксана ҳам набераи худам, аммо бовар надорам, ки сирратро пӯшида нигоҳ дошта тавонад. - Ба инҳо бовар дорӣ. - Саду панҷоҳ фоиз. Аз инҳо баъди ба эътидол омадани вазъият дороиҳоятро баргашта гирифта метавонӣ, аз Оксана не. Як маротиба аз рӯи гуфтаи ман амал кун... - Маслиҳатро ту додӣ? - пурсид Вячеслав аз ман. - Бори аввал мешунавам. - Меҳрубониҳоят ба модарам аз меъёр зиёд, метарсам. - Метавонам то анҷоми амалиёти шумо расман аз Рухшона ҷудо шавам, то шубҳаву гумонҳоятон бартараф гарданд. Дар ин ҳолат ман дигар шаҳрванд шуда наметавонам, издивоҷамон қалбакӣ ҳисобида мешавад. - Дороии хусурро интихоб мекунӣ ё шаҳрвандиро? - Гирди номи падар чӣ мегардӣ? Падари хеш шав, агар мардӣ. - Ба забони ба ман фаҳмо гап зан. - Ҳама дороиҳо рӯзе хотима меёбанд, ман шаҳрвандиро интихоб мекунам. - Яъне, ҳам шаҳрвандиву... - Не, севу ним сол бо духтаратон зиста чиро соҳиб шудам? Дар бисотам танҳо зану фарзанд ва "Ока"-ро дорам, ки даҳ рӯзи охир ҳатто сӯзишворӣ надорад. Сармояи ман Рухшонаву Меҳрофарид, аз шумову ширкат чизе умед надорам. - Надоштанат хуб, - гуфт Вячеслав ва бархост, - имшаб чуқур андеша кунед, ширкат бе сармоя ширкат нест. Хокро ба нохун канда дона намекорӣ. - Лозим ояд - мекорад, - гуфт Клавдия Михайловна, аммо Вячеслав дигар моро шунидан нахост, дарро тараққос пӯшида рафт. Субҳ бо супориши модаркалон ду ҷомадонро бо кӯҳнаколаҳо пур карда назди баромадгоҳ гузоштем, то Вячеслав дида гумон барад, ки азми модараш қатъист, "моро гирифта ба шаҳри дур мебарад". Ман бошам ба кори саҳро рафтам. Коргари оддӣ дар ширкат будам, падарам мегуфт : "Роҳбар чӯб бошад ҳам итоат кун". Бовар доштам, ки Валера дигар қадамашро дар марзи саҳро намегузорад. Сармоягузори ширкат ва таъминкунандаи рӯзгори мо Вячеслав буд, то ин дам моро дастгирӣ мекард, минбаъд ҳам кӯмакаш мерасад. Алафҳои бегонаву худрӯро сояи барги картошка намегузошт, ки инкишоф ёбанд, вале қитъаҳои дигар зироатҳо, бахусус қитъаҳо, ки соли гузашта решаҳо боқӣ монда буданд, маро ранҷ медоданд. Пештар алафҳоро канда ба марз мебаровардам, ҳоло бошад, танҳо аз хок мекашидаму дар ҷои беҳосил ҳаво медодам, алафи пӯсида ҳам барои соли оянда пору мешуд. Бегоҳ дидам, ки ду ҷомадон дар ҷояшон меистанд. - Падарат наомад? - пурсидам аз Рухшона. - Не, - хандид ӯ, - ҳила кор наомад. - То омаданаш меистад, - гуфт модаркалон. Рӯзона дар саҳро будам, бинобар намедонистам оё Вячеслав дар хона буд ва тақдири ҷомадонҳо чӣ шуд. Як бегоҳ ба ҳавлӣ баргаштам, ки ҷомадон назди дарвоза меистад. - Бурда ҳавола кунам? - пурсидам аз Рухшона. - Моро ҳам ҳамроҳаш, - гуфт, - модарам омада буд, моро дафъ мекунанд. - Аз куҷо? Чаро? - То бегоҳ мӯҳлат дод. - Кӣ мӯҳлат дод? Падарат канӣ? - Намедонам, рақамаш дастнорас. Ба хона даромадам ва дидам, ки модаркалон рӯи ҷойгаҳ нишастааст. - Нафаҳмидам, ҳазл мекунед ё ҳилаи навбатӣ? - Нагуфтам, ки модараш мор? Писарам бе дому дарак гум... - Воҳима накунед, чӣ ҳодиса шуд? - "Моликият пурра аз ман шуд" мегӯяд, фурсат дод, ки ҳавлиро холӣ кунем. - Якумаш, шитоб накунед, бе қарори суд шуморо касе аз манзили ягонаи истиқоматиатон бароварда дафъ намекунад. - Ҳавлӣ мутааллиқи ширкат мегӯяд. - Ягон хел ҳуҷҷат пешниҳод кард? - Чизе надошт дар дасташ. - Наход модар нисбати духтараш ҳамин амалро раво бинад? Иштибоҳ мекунед, вай ҳуқуқшинос, бояд ҳамаро фаҳмад... Шуморо ба ноҳия гуселониданист? - Ба як ҳуҷрааш ҳуқуқ доштаем. Ҷомадонҳоро гирифта ба хона даровардам. - Чӣ хӯрок пухтӣ? - оромона аз Рухшона пурсидам. - Кадом хӯрок? Ту ҳам омода шав, ба ноҳия меравем. Назди соҳил рафта ба Вячеслав занг задам, рақамаш дастнорас. - Дар куҷо будани падаратро пурсидӣ? - боз суол додам ба Рухшона. - Аз кӣ пурсам? - Аз модарат, кӣ туро дафъ кард? - Падарамро киҳо дошта бебозгашт бурдаанд. - Модарат гуфт? Фишор надошт? То даме, ки ҳастам, касе шуморо аз ин ҳавлӣ дафъ карда наметавонад. Садои мошини боркашро шунида ба кӯча баромадам. Валера бо ду марди корӣ ва ронанда аз мошин берун шуданд. - Хизмат? - пурсидам аз онҳо. - Тамоми моликияти ширкатро ба фурӯш гузоштам, - гуфт Валера ва ду мардро ишора кард, ки аз паи супориш шаванд. Ҳардуро нигоҳ доштам. - Ҳавлӣ моликияти ширкат нест, - гуфтам, - канӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гуфтаҳоят? - Ман сарвари ширкат? - Ту сарвари ширкат, бигузор, лекин ҳавлӣ моликияти хусусист, мардум истиқомат доранд, зан бо кӯдаки хурдсолаш, пири барҷомонда зиндагӣ доранд. - Ман ба ҳавлӣ кор надорам, чорворо мебарорам, инҳо харидор. - Рав ҳамаат, бе қарори суд касе вориди ҳавлӣ намегардад ва хасе бо худ намебарад. Валера аз мошин ҷузвдонеро бароварду аз дохилаш саҳифаеро берун кашид. - Савод дошта бошӣ - хон, дар зераш чӣ навиштагӣ. Саҳифаро гирифта нигаристам. - Хайр, ту сарвари ширкат будаӣ, рӯйхати моликиятат канӣ? - Рӯйхат дар компютер. - Чоп карда биёр, - гуфтам ва нохост нигоҳам ба номи ширкат афтид. - Рухшона! - нидо кардам ҳамсарамро, - сертификати заминро барор. - Мо боз замин дорем, - гуфт ба ронанда Валера, - тирамоҳ ҳосилашро фурӯхтан лозим. (давом дорад)
    2 комментария
    12 классов
    ДИПЛОМАТ Қисми 178. Боз айёми киштукор, вақти хароҷотҳову машаққатҳо расид. Замини ҷудогардида панҷоҳу се гектар, дар масофаи начандон дур аз заминамон буд. Аҳволаш хароб, ноҳамвор, собиқ бешазоре, ки пас аз дарахту буттаҳояшро гирифтан, касе он ҷо машғул нашудааст. - Аз ин замин имсол ҳосил гирифтанамон мушкил, - гуфтам ба Вячеслав, - хокаш торф, лекин ноҳамвор, ботлоқ ҳам дорад. Машаққати бисёр металабад. - Чӣ пешниҳод дорӣ? - Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан, қувваи трактори мо намерасад, экскаватор лозим. - Экскаватор харам? - Агар бо ин замин машғул шавам, киштукори асосӣ дар замини пештара дар канор мемонад, сониян танҳо барои ҳамин қитъа шуда экскаватор харидан зарурате надорад. Мутахассис бояд бо ин кор машғул шавад. Дар даҳ рӯз заминро омодаи кишт карда меравад... Дигар замини ҳамвор надоштанд, ки талу теппаҳоро пешниҳод карданд? - "Ту аз ӯҳдааш мебароӣ" мегӯянд. Даҳ сол андоз намесупорем, боз ҳукумат барои ҳосилхез гардонидани замин маблағи хуб ҷудо мекунад. - Заминҳои ҳосилхезро истифода баранд, ҳазорҳо гектар замин бекор мехобад. - Ту бисёр чизҳоро намефаҳмӣ. Панҷоҳу се гектар ҷангал бо мақсади васеъ сохтани майдони кишт аз байн рафт. Хароҷот дорад? Ҳисобот дорад? Шахси масъул дорад? Куҷо шуданд тӯсу санавбару арча? Лекин канӣ замину ҳосил? Се сол шуд, аз боло талаб доранд. Барои инҳо бигзор ҳосил нашавад, ҳисобот бояд бошад, мефаҳмӣ? Кор, ки оғоз шуд, соли гузашта барин мухбиру журналистон меоянд, сурат мегиранд, мақола менависанд ва боз ба панҷоҳ соли дигар фаромӯш мекунанд. Барои ҳамин мо инкишоф намеёбем, сол то сол ба ботлоқ ғӯта мезанем. - Лекин гову гӯсолаҳо ҳисобот хонда сер намешаванд. Мо бояд ҳарчӣ зудтар ҷуворимакка корем. - Дар ин қитъа ҷуворимакка намекорӣ, аз рӯи супориш танҳо гандум ё ҷав бояд бошад. - Ҷуворӣ хубтар нест? - Ҳукумат бароямон беҳуда имтиёз надодааст, дар ҳисобот гандум ва ҳосили хуб оварда шудааст. - Кадом ҳосили хуб? Ҳоло замин ҳамвор нест... - Соли гузашта хоҷагиҳои ноҳия ду ҳазор тонна картошка истеҳсол кардаанд, бовар дорӣ? Чор тоннаи ту ва дусад кило ҳосили аз қитъаи наздиҳавлигӣ рӯёнидаи чор нафақахӯр дар ҷамъ ду ҳазор тонна шуд. Барои мо баҳорон сурати замини сабзу ҳамвор ва тирамоҳ хӯшаҳои зарду пухтарасидаи гандум лозиманду халос. - Пухта нарасанд-чӣ? - Напазад ҳам дар ҳисобот қайд мекунем, ки ҳазор тонна гандуми хушсифат ҷамъ овардем. - Аз панҷоҳу се гектар? Кӣ бовар мекунад? - Кӣ омада тафтиш мекард? - Ҳисоботро шумо тартиб медиҳед? - Аз номи Роксана ман. - Оё медонед, ки духтаратонро ба ҷиноят тела медиҳед? - Ту ба кори мо дахолат накун, расман ширкати "Рухшона-17" қариб шашсад гектар замин дорад. - Мо боз дар дигар ҷо замин дорем? - Не. Расман дорем, аслан не. Ин амалиёт кори моро дар баъзе ҳолатҳо осон мекунад. Қариб дусад гектар замин дар ихтиёри як мансабдор аз Маскав аст, вай асппарвариро дӯст медорад. Ин хел намунаҳо бисёр, бинобар касе то даъват накунӣ, ба қитъаҳои мо наздик намешавад. Сад ҳазор тонна дар ҳисобот қайд кун, касе туро намесанҷад... То анҷом ёфтани киштукор дар қитъаи бистучоргектара, дигар ба сари замини навҷудогардида нарафтам. Тамоми таҷрибаи аз солҳои гузашта ба дастовардаамро барои кишти сабзиву пиёз, картошкаву боқило сарф кардам. Дар тақрибан понздаҳ гектари боқимонда ҷуворимакка кошта хотирам ҷамъ шуд. Дар ин миён Вячеслав замини навро ҳамвор карда ба кишт омода намуд. Як тонна гандумро оварда дар замин пошидам, ки бо забони деҳқонони мо - лалмӣ ҳисобида мешуд. Гандум дар як ҳафта неш зада баромад ва майдони калони варзиширо мемонд. Дар ҳақиқат бисёр зебо ба назар мерасид. Аз канори роҳ медидам, ки замини мо сарсабз то оғози бешазор рафта мерасад. Кай ва кӣ омаду сурат гирифт, хабар надоштам, вале пас аз чанд рӯз Вячеслав маҷаллаеро оварда назди ману Рухшона гузошт. - Имсол ҳам номи ширкати шумо вирди забон, табрик мекунам, - гуфт. Аз сурати ранга, ки дар пасманзараш беша буд, дарк кардам, ки сурат аз куҷо гирифта шудааст. "Боз наздик ба сад гектар замин соли чандум аст, ки ҳосили хуби гандум медиҳад, - навиштаанд дар мақола, - ширкати " Рукшона", ки сарвариашро мутахассиси ҷавону соҳибтаҷриба В. А. Грибков ба ӯҳда дорад, азм дорад, майдони киштро соли оянда боз ҳам васеътар ва ҳосилнокиро боз ҳам зиёдтар гардонад". - Нафаҳмидам, кист Грибков? - пурсидам аз Рухшона. - Бори аввал мешунавам, - гуфт ӯ ва ба падараш суоломез нигарист. - Ту дар рухсатии ҳомиладорӣ ҳастӣ, муваққатан вазифаи туро Валера иҷро мекунад. - Кист Валера? Валерий Алексеевич? - Ту ӯро мешиносӣ? - пурсидам аз Рухшона. - Хеле хуб мешиносам. Валераи худамон? - чашм аз падар наканда гуфт Рухшона. - Кадом Валераи худат? - Валера - писари холааш, - гуфт Вячеслав, - донишкадаи хоҷагии қишлоқ мехонд, хатм карда омад. - Мо аз ту коргар хоҳиш кардем, на роҳбар, - гуфт Рухшона, - Чаро Анвар неву Валера роҳбар шавад? - Анвар ҳанӯз шиносномаи русӣ надорад, сониян Валера муваққатан, ба Маскав бармегардад. Барояш собиқаи корӣ лозим... Валераро бори аввал дар марзи саҳро бо як мухбир дидам. Аввал гумон кардам намояндаи ҳукумат бошад. Дар марз истода маро наздаш даъват кард. Алафҳои бегонаи аз байни қатори тарбуз ҷамъовардаамро бардошта наздаш рафтам. - Нашъунамои рустаниҳо чӣ хел? - пурсид ӯ. - Бад не, - гуфтам, - танҳо тарбузро тез-тез об доданам лозим, барои дастрас кардани об каме мушкилӣ мекашам. - Моро назди тарбузҳоят бар. - Қатори тарбуз аз ҳамин ҷо оғоз мешавад. - Канӣ тарбуз? - Нав гул бастаанд, ҳамаи ҳамин гулҳои зарду зебо пас аз як моҳ ба тарбузҳои калон мубаддал мегарданд. - Хайр, маро дар назди палакҳояш сурат гир, - фармуд мухбирро ва худ шохаи сергули тарбузро ба даст гирифт. - Боло набароред, - гуфтам, - шикастанаш мумкин. - Рав, коратро идома деҳ, - гуфт ҷавон... Бори дуввум ӯро дар зодрӯзи навбатии Рухшона дидам. Олуфта шуда гулдастаеро ҳамроҳаш овардааст. - Роксана, чӣ тавр зебо шудаӣ, - гуфта гулдастаро дар дасти Рухшона дод. - Ман Роксана нестам, - гуфт Рухшона дасти ҷонибаш дароз гаштаи Валераро як сӯ тела дода, - Рухшона ҳастам. Номи "ширкатат" чист? - Рукшона. - Кай меравӣ? - Аз куҷо ба куҷо? - Аз ширкат. - Ман рисола бояд ҳимоя кунам. - Аз ширкат кай меравӣ? - Пас аз ҳимоя. - Кай ҳимоя мекунӣ? - Ҳоло оғоз накардаам. - Тез оғоз кун. - Роксана, - гуфт модараш худро меҳрубон гирифта, - магар бо меҳмон чунин муносибат мекунанд? - Аз осмон фаромаду сарвари ширкат шуд? Чӣ саҳм гузошт дар кори ширкат? - Ту чӣ саҳм гузоштӣ? Ҳамааш аз маблағи мо бунёд мешавад. - "Мо" нагӯ. - Бигзор, падарат сарф карда бошад, лекин на туву на шавҳарат барои ширкат як рубл сарф накардед. Валера ҳам мисли шумо... - Шавҳараш кӣ? - пурсид Валера. - Ман шавҳараш, - гуфтам. - Ҳарду муносиби ҳамдигар ҳастед. - Аз кадом ҷиҳат? - Дар сатҳи дониш, ҳеҷ гап не, ба ҷамъияти мо коргар ҳам лозим. - Рисола ҳимоя накарда худро олим метарошӣ? Рисола дар кадом мавзӯъ? - Кори ақли ту нест. - Кори ақли ман чист? - Пору бӯ кашидан... Аз гиребонаш дошта чунон сахт ба ҷонибам кашидам, ки аз болои миз лағжида дар наздам фаромад. Кашола карда бурда дар болои ахлоттӯда ҳавола кардам. - Бӯ каш, - гуфтам, - рисолаат дар ҳамин мавзӯъ мешавад. - Ман ҳазл кардан хостам. - Ман ҳам ҳазл кардам. Пас гаштам, ки Рухшона бо модараш меоянд. - Як рӯзи осуда надорам аз дасти ёбоиҳо, - гуфт модараш, - баро, ҳамаат ғажд шуд. Ба инҳо дастатро дароз кунӣ, аз гиребонат медоранд. Лаънати он рӯз, ки ин ваҳшӣ пояшро бори аввал дар деҳа гузошт... - Хуб кард, канӣ мухбир, ки сурати олимро дар ҳамин ҳолат гирад? - гуфта Рухшона гулдастаашро дар сари Валера пошид. - Ана барои ҳамин хислатат дар зодрӯзат будан намехоҳам, - модараш хост либоси ҷиянашро афшонад, аммо, - ахлот ба танат часпидааст, рафта дар дарё тоза кун, - гуфт. - Ҳеҷ гап не, инҳоро худам танбеҳ медиҳам, - гуфт Валера қоматашро боло гирифта, - бо думи шер бозӣ кардан мехоҳанд. - Канӣ шеру канӣ думаш? - тамасхуромез хандид Рухшона, - худатро бо кӣ баробар мекунӣ? Аз қоғазу қалам чизеро дигар бардошта наметавонӣ. - Ман масъалаи шумо - ду аблаҳро бо қоғазу қалам ҳал мекунам. - Кӣ аблаҳ? - қадаме сӯяш гузоштам, ки лағжида боз дар болои пору рафтид, - аблаҳ буданамро нишон диҳам? Рафта занҷири барзаговро кушода наздаш овардам. - Ман аблаҳ, ту шер, - гуфтам, - аблаҳ буданамро собит карда метавонам, ту шер буданатро исбот кун. Сурати барзаговро дида Валера чунон чорхез зад, ки ҳатто модаркалон худро аз ханда нигоҳ дошта натавонист. - Шерро бинанд, - гуфт Рухшона, - шалвораш тар шуд. - Модарат канӣ? - пурсидам аз Рухшона. - Ба фикрам шикояткунӣ рафт. - Ба куҷо? - Ба падарам занг мезадагист. Барзаговро дар ҷояш баста бо Рухшонаву модаркалон назди айвон рафтем, ки на модараш ҳасту на Валера. Мошинашон ҳам наметобад. - Рафтанд ба фикрам, - гуфтам, - лекин беҳтарин зодрӯзат ҳамин рӯз буд. Дидам, ки табьи модаркалон ҳам болида, дар се стакан афшураи себ рехтам. - Барои ғалаба, - гуфтам. - Дастатро нашустӣ, - гуфт Рухшона, - барои барзаговро доштанат не, барои Валераро даст заданат. - Собун дорӣ? - Бо собун тоза намешавад, бо спирт шӯй. Дар сари миз хушҳолӣ доштем, ки паёмак расид. "Ба ман занг зан" - навиштааст Вячеслав. Назди соҳил рафта занг задам. - Маро ором намегузоред? - пурсид Вячеслав, - мурофиаро гузошта наздатон равам? - Чӣ ҳодиса шуд? - То Валера рисолаашро ҳимоя накунад, роҳбари ширкат мемонад! Дорӣ савол? - Чанд муддат ӯро таҳаммул кунем? - Панҷ сол, ҳафт сол, даҳ сол - намедонам. Барои шахсан ту чӣ фарқ дорад? Ту тракторатро дону аробаашро, ба кори оилавии мо дахолат накун. - Фаҳмидам... Ҳарчанд хостам кайфиятам зоҳир нагардад, вале нашуд. - Писарам чӣ мегӯяд? - пурсид Клавдия Михайловна. - Хоҳиш кард, ки ба корҳои оилааш дахолат накунам. - Дуруст мегӯяд, мо оилаи худро дорем, онҳо оилаи худро. Лекин бо даҳ гӯсолаву як порча замин моро тобеи худ сохта наметавонанд. Бегоҳ даъват кун, ҳамроҳаш маслиҳат мекунам. - Писаратон дар Тула, омада наметавонад. - Бо телефон гуфтугӯ карда метавонам? - Танҳо аз рақами ман не. - Аз рақами ман занг мезанӣ, - гуфт Рухшона. - Чӣ гуфтан мехоҳед? Аз ман намеранҷад? - Ранҷад - аз модараш меранҷад. Ба зодрӯзи хоҳарчааш Оксана наомад, барои шавҳараш рӯзи корӣ буд. Дар хотир надорам ӯро кай бори охир дида будам. Аммо бо Дима ҳатто бо телефон алоқа надоштем. Пас аз он, ки боди чархи тракторро баровард, алоқаро пурра бо ӯ канда будам. (давом дорад)
    6 комментариев
    12 классов
    ПЕШ АЗ #ХОБ ​Дар як маҳалла Акаи Назар зиндагӣ мекард, ки писарашро хонадор мекард. Ӯ мехост аз ҳамсояҳо кам набошад ва тӯйи писарашро тавре барпо кунад, ки даҳони ҳама воз монад. Ҳамсояи девордармиёнаш, Акаи Ҳаким, ки марди дурбин буд, маслиҳат дод: — Назарҷон, қудрататро бин, қарз нагир. Тӯй як рӯз аст, зиндагӣ ҳазор рӯз. Як маъракаи хоксорона кун, боқимондаи пулро ба ҷавонҳо деҳ, то зиндагиашонро созанд. — Э ака, гапи мардум чӣ мешавад? Нагӯянд, ки Назар барои писараш хасисӣ кард. Ман бояд беҳтарин тарабхона ва гаронтарин сарояндаро биёрам,ҷавоб дод Назар бо ғрур. ​Назар рафт, аз бонк ва аз чанд ҳамсоя пули калон қарз гирифт. Тӯй гузашт. Даҳҳо намуд таом, сарояндаҳои машҳур, кортежи мошинҳои гаронбаҳо.Ҳама аҳсан гуфтанд. ​ Тӯй тамом шуд ва меҳмонҳо рафтанд. Рӯзи дигар соҳибқарзҳо ба дари Назар омаданд. Тамоми маоши Назар ва писараш акнун танҳо барои фоизи қарз мерафт. Дар хонае, ки бояд шодӣ мебуд, ҳар рӯз ҷанҷолу фиғон буд. Писар маҷбур шуд арӯси навро гузошта, ба муҳоҷират равад, то қарзҳои обрӯи падарро супорад. Келин, ки дар орзуи зиндагии ширин буд, худро дар як хонаи қарздор ва бешавҳар дид. Модари Назар аз фишори қарзҳо ва ҷанҷолҳои хонагӣ ба беморӣ афтод, аммо пул барои доруву табобат набуд . Оқибат, ҷавонон аз ҳам ҷудо шуданд, чун таҳкурсии зиндагиашон на аз меҳр, балки аз қарзу намоиш сохта шуда буд. ​ Назар натавонист пули ҳамсояҳоро сари вақт баргардонад. Ҳамон ҳамсояҳое, ки дар тӯй рақсида буданд, акнун ӯро қаллоб мехонданд. Дӯстии чандинсола ба душманӣ табдил ёфт. Обрӯе, ки Назар мехост бо тӯй бихарад, баръакс, ба замин зад. ​Назар мехост барои мардум зиндагӣ кунад, аммо худро ва фарзандашро бадбахт кард. Тӯй воситаи пайвастани ду дил аст, на майдони мусобиқаи боигарӣ. Вақте мо барои гапи мардум зиндагии худро қурбон мекунем, мо на танҳо пуламонро, балки ояндаи насламонро ҳам мебозем. ​Дар шаҳру деҳоти мо, намоишкорӣ бузургтарин душмани хушбахтист. Меҳмон мехӯрад ва меравад, аммо бори қарзро танҳо худат мекашӣ. ​Касе, ки барои як шаб шоҳ шудан, як умр ғуломи қарз мегардад, ҳеҷ гоҳ таъми ҳақиқии хушбахтиро намефаҳмад. Тӯйи хоксорона бо дили шод беҳтар аз тӯйи шоҳона бо чашми гирён аст. Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹
    5 комментариев
    17 классов
    Гулчехра Хомидова Қисса "Дидбонгоҳ" (Пост) (Барои мулоҳиза) Мисли ҳамеша, Шерзод аз кор хеле дер баргашт. Дарвозаи кӯчаро оҳиста пӯшида, ба сӯи хона бо қадамҳои ноаён мерафт, ки боз овози модарашро шунид: — Бачаҷонам, сиҳат-саломат омадӣ? Шерзод бо хастагӣ ва асабоният ҷавоб дод: — Уфф... ҳа, омадам, наомада куҷо меравам... Боз хоб набудед? Ҳар рӯз ҳамин аҳвол-а... Хоб рафтан гиред намешавад... Шерзод халтаи (пакет) дар дасташ бударо бардошта, бо нигоҳи парешон ба сӯи хонае, ки дар қисми охири ҳавлӣ буд ва онҷо зиндагӣ мекард, шитофт. Шерзод ягонафарзанд буд ва бо мошини шахсиаш мусофиркашӣ мекард. Модараш дар хонаи назди дарвоза танҳо мезист ва Шерзод бо оилааш дар охири ҳавлӣ. Вақте ба хона даромад, ҳамсараш ӯро пешвоз гирифта гуфт: — Аз "пост" сиҳату саломат гузаштедми? Мисли ҳамеша чой тайёр, — гуфту чизҳои даруни халтаро гирифта ба рӯи дастурхон гузошт. Рӯзҳо мегузаштанд ва як рӯз ногаҳон модари Шерзод аз олам чашм пӯшид. Пас аз маросими азодорӣ писари Шерзод мактуберо ба ӯ дод ва гуфт: — Дадаҷон, ин аз бибиҷонам барои шумо будааст. Шерзод мактубро кушода хонд: "Эй нури дидаву тоҷи сарам, бачаҷонам! Ту аз субҳи содиқ ба кор мерафтӣ ва то баргаштанат, ман фақат ба Аллоҳ нолаву зора мекардам. Аз намози шом сарамро аз саҷда бардошта наметавонистам, зеро одамони бад ва корҳои зишт шабона зиёданд. Дуо мекардам, ки Худо туро ҳифз кунад. Танҳо вақте ту аз дарвоза ворид мешудӣ, ман ибодатамро ба поён мерасонидам. Бачаҷонам, ман медонам, ки шумо кулбаи маро "пост" меномед. Ман қасдан худамро ба ту нишон намедодам ва фақат овоз мебаровардам, то ту аз дидани халтаи харид дар дастат хиҷолат накашӣ ва агар аз он ба ман чизе диҳӣ, дар оилаат ҷанҷол нашавад. Барои он ки хонаи маро "пост" номидаӣ, аз Аллоҳ илтиҷо кардам: "Худоё, хонаи маро барои балоҳое, ки ба сӯи оилаи фарзандам меоянд, як дидбонгоҳ ва сипар бигардон". Акнун модари дуогӯят нест... Ҳамеша дар тоату ибодат бош, то Худо худаш туро ҳифз кунад. Туро ба оғӯш мегирам, модари дилсӯзи ту." Шерзод мактубро ба рӯяш молида, бо ашки шашқатор мегирист ва танҳо як ҷумла мегуфт: — Маро бубахшед, модарҷони азизам!.... Дуои модар қавитарин сипар дар зиндагии фарзанд аст. Модарон ҳатто вақте ки мо беэҳтиромӣ мекунем, бо бузургворӣ моро мебахшанд ва дар танҳоӣ барои хушбахтии мо даст ба дуо мебардоранд. ☝️ Ҳеҷ гоҳ ҳузури волидонро ҳамчун "бори зиёд" ё "назорат" қабул накунед; онҳо фариштагони муҳофизи мо ҳастанд. ☝️ Қадри онҳоро дар зинда буданашон бидонед, зеро пас аз рафтани онҳо, дуогӯи беминнате нахоҳед дошт...
    6 комментариев
    26 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё