
БАЪЗЕ ОДОБУ ҚОИДАҲОИ ИҶТИМОӢ
1. Агар касе ба телефони шумо ҷавоб надод, бештар аз ду маротиба занг назанед, шояд кори муҳимтар аз ҷавоб додан ба телефони шумо дошта бошад.
2. Агар аз касе пул қарз гирифта бошед, пеш аз он, ки ӯ пулҳояшро талаб кунад, қарзро баргардонед.
3. Агар қарор аст, ки шахси дигар пули хӯроки шуморо пардохт мекунад, таоми қимат фармоиш надиҳед.
4. Саволҳои аҷибу ноҷо, мисли: «Чаро то ҳол издивоҷ накардаӣ?», «Чаро фарзанд надорӣ?» ё «Чаро мошин намехарӣ?» аз мардум напурсед.
5. Ҳамеша дарро барои касе, ки паси шумо меояд, боз нигоҳ доред.
6. Агар ба нақлиёт савор шудед ва дар як истгоҳ дӯсти шумо роҳкиро пардохт, дафъаи дигар шумо пардохт кунед.
7. Ба назару дидгоҳҳои дигарон эҳтиром гузоред, зеро ҳамеша ҳақ бо шумо нест.
8. Ҳангоми суҳбати дигарон суханашонро қатъ накунед ва пешакӣ ба хулоса наоед.
9. Агар бо касе шӯхӣ кардед ва танҳо худатон лаззат бурдед, вале тарафи муқобил нороҳат шуд, лутфан онро бас кунед ва дигар такрор накунед.
10. Агар касе ба шумо кумак кард, ба ӯ ташаккур гӯед.
11. Одамонро дар ҷамъ таъриф кунед ва дар танҳоӣ интиқод намоед.
12. Дар бораи вазни одамон ё калон будани шикамашон сухан накунед; магар худи онҳо ихтиёран ин мавзуъро оғоз кунанд.
13. Вақте касе дар телефони худ аксеро ба шумо нишон медиҳад, дигар аксҳоро худсарона наҷӯед.
14. Агар дӯсте гуфт, ки ба назди духтур меравад, напурсед, ки чӣ мушкил дорад, барои ӯ дуои хайр ва орзуи шифо кунед.
15. Ҳамон тавре ки ба роҳбарони худ эҳтиром мегузоред, ба зердастони худ низ эҳтиром гузоред.
16. Вақте касе бо шумо суҳбат мекунад, ба рӯяш нигоҳ кунед, на ба телефони худ.
17. Ба дигарон маслиҳати нохоста надиҳед, магар худи онҳо аз шумо назар пурсанд.
18. Ҳангоми мулоқот бо одамон дар бораи маоши онҳо напурсед.
19. Зарур нест аз ҳар мавзуе, ки ба шумо рабт надорад, худро огоҳ созед.
20. Ҳангоми суҳбат бо дигарон айнаки офтобиро дур кунед.
21. Дар бораи фарзандони худ зиёд сухан накунед; шояд тарафи муқобил аз ин неъмат маҳрум бошад.
22. Дар бораи нақшаҳо ва ҳадафҳои шахсии одамон напурсед, зеро ин бахши ҳаёти хусусии онҳост.
23. Вақте паёми хубу муфидеро мехонед, онро писанд кунед ва ба нависандааш ташаккур намоед.
24. Агар касе ба шумо ду маротиба телефон карда бошаду бехабар мондед, ҳатман ба ӯ занг занед, шояд кори муҳимме дошта бошад. Бо ин шумо ҳурматашро нигоҳ медоред.
25. Дар вазифа бошед, занги дӯстону наздиконро интизор нашуда, аз ҳолу аҳволашон пурсида истед. Ин амал кибру ғурурро нест мекунад.
Иброҳимҷон ИКРОМОВ,
омӯзгори собиқадор.
1 комментарий
2 класса
Тоҷикам ҳарфу ҳиҷои ширадорам тоҷикӣ.
Куртаи гулдӯзии ранги баҳорам тоҷикӣ.
Нест нақши кинаи кас рӯи девори дилам,
Мавҷи савти хандаҳои беғуборам тоҷикӣ.
Ман занам бо тори мӯ бори латофат мекашам,
Тифлакамро парварам андар канорам тоҷикӣ.
Ёри човандози ман гоҳе асал, гоҳе дағал,
Бок не, бошад сиришти поки ёрам тоҷикӣ.
Шоирона меҳр варзам бар фарози шонаҳош,
Пойандозаш матои интизорам тоҷикӣ.
Рӯи шири ишқ мерезам шакарҳарфи вафо,
Шеърҳои Ҷавҳари шабзиндадорам тоҷикӣ.
2 комментария
18 классов
🌙Шомy Шабатон ба хайр!🌙
🌕🌔🌕🌔🌕🌔🌕🌔🌕🌔🌕🌔🌕
_ 🌿 Илм чароғест, kи роҳи ториkро равшан меkyнаg.
_ ☘️Дониш ганҷест, kи gyзg онро бypgа наметавонаg.
_🍃 Касе, kи илм goраg, ҳеҷ гоҳ kамбағал нест.
_ 🌱 Бо илм инсон ба қyллаҳои баланg мерасаg.
_ 🪻Ҷyстyҷyи илм ибоgат аст.
🍃🍃🍃☘️☘️🍃🍃🍃☘️🍃☘️☘️🍃🍃🍃
_✨ Рyзе шогирgе назgи ycтоg омаg ва гyфт:
— Устоg, ман мехоҳам бой шавам. Чӣ kyнам?
Устоg ҷавоб gog:
— Илм омyз.
Шогирg гyфт:
— Илм пyл намеgиҳаg!
Устоg ханgиg ва гyфт:
— Илм ақл меgиҳаg, ақл роҳ меgиҳаg, роҳ бошаg пyл меораg.
👉 Панg:
"Илм асоси ҳар мyваффақият аст".
36 комментариев
12 классов
Сyбҳи зебоятон ба хайр ва шоgӣ боg!
🌼🌟🌼🌟🌼🌟🌼🌟🌼🌟🌼🌟🌼🌟
__Бигзор нyри имон gилҳоятонро равшан созаg, мyҳаббати Xygо ҳамеша gар қалбатон бошаg ва ҳар нафасатон пyр аз бараkатy раҳмат гарgag.
Дар ҳар қаgам файзи Аллоҳ ҳамроҳатон бошаg, yмратон пyрнyр, ризқатон ҳалол ва gили поkатон аз орзyҳои неk саршор гарgag.
🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲
Бо gyои хайр ва нияти поk ба сyи рyзи нав қаgам гyзореg!
34 комментария
24 класса
🌘🌘🌘🌠🌠🌠🌘🌘🌘🌠🌠🌠🌘🌘🌘🌠
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ...
ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙРУ ХУШӢ !
Шаб танҳо фарҷоми рӯз нест, балки оғози орзуҳои нав аст.
Ҳар ситорае, ки дар осмон медурахшад, гувоҳи он аст, ки ҳатто дар ториктарин лаҳзаҳо ҳам нур вуҷуд дорад.
Шаб фурсати оромиш ва бозёбии қувва аст, фурсати андеша кардан ва орзуҳоро дар дили худ парваридан.
Бигзор ҳар шаб бо шукргузорӣ сипарӣ шавад ва заминаи рӯзе бошад, ки ба сӯи ҳадафҳои бузургат равона аст.
Бовар дошта бош: онҳое ки дар хомӯшии шаб орзу мекоранд, фардо меваи орзуҳояшонро хоҳанд чашид.
Бо умед бихоб ва бо орзу бедор шав..!
<<<Хирад >>>
🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃
74 комментария
21 класс
Садо андар сукути инзивоям,
Шабаҳ дар сарҳади оинаҳоям.
Замону мӯҳлати ишқи ту бигзашт,
Замину осмони бебақоям.
Ҳубоби собуни фурсат ғурур аст,
Ки ҳеҷи ҳеҷ бошад мӯҳтавоям.
Бар роҳи орзу рафтам ба фардо,
Куҷо манзил биёбоно, куҷоям?
Ба дасти боғҳо тасбеҳи модар,
Ва дар тасвири ҳарфи бебаҳоям.
Чароғи вожаҳои шаҳри моҳӣ,
Шуда сирқот андар шеърҳоям
Чу дишаб номи худро гӯр кардам,
Надидам ҳеҷ як душман бароям.
Ҷаҳон бемори ҳирсу озу кин аст,
Ба як вожа бар ин дардаш давоям.
Вале бемор н-ояд то шифокор,
Намехоҳад шифо ин мубталоям.
Ба худ омӯхтам дарси нагуфтан,
Сиришки инқилоби обҳоям.
Тамаддуну таназзул дорам эй дӯст,
Ҳанӯз андар ҷавори ибтидоям.
Замони хории илму адаб шуд,
Ҷаҳон, бесуд бошад моҷароям.
АДИБАИ ХУҶАНДӢ
1 комментарий
14 классов
⚘🌺⚘🌺⚘🌺⚘🌺⚘🌺⚘🌺⚘🌺⚘🌺
Ассалому алайкум ......
Субҳи босафову пуртаровати баҳорӣ ва оғози рузи нав бароятон ба хайр бошад !
Шукри беҳисоб Худоро , ки боз чашми ҳастӣ кушодем ...
Худо кунад , ки субҳи ҳамагӣ бо намозу зикру салавотҳо оғоз ёфта бошад ва қабули даргоҳи Худованд гашта бошад.
Бигзор саҳфаи имрузаи китоби зиндагиатон бо корҳои хайру бо хушиҳо ва ба табъи дилатон саҳфагардонӣ шавад ...Nasrin
Ба умеду орзуҳои беҳтарин .. ..
СУБҲАТОН БА ХАЙР !
🌷🌼🌷🌼🌷🌼🌷🌼🌷🌼🌷🌼🌷🌼🌷🌼
91 комментарий
21 класс
Фильтр
загрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
Ассалому алайкум , дустон ....
Мархаммат ба гурухи ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН ...Ба дигарон хам ин гурухи моро тавсия дихед...
Мехохам ин гурух оинае бошад , ки хама чурму нуксонхову камиву костихоро намоён созад ва хамагон аз паи тозаву пок сохтанаш бошем ....Аз худ шуруъ намуда , рафтору гуфтору кирдори худро дар чорчубаи адаб рост бинмоем ва бо хикояву таронаву суханхои тарбияви рохнаварди дигарон бошем.....
Показать еще
Скрыть информацию

